Хабарҳо

22-12-2017

Санаи 22 декабри соли 2017 кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк” дар толори Бонки марказӣ пахши мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд. Кормандони Бонк бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи кишварамон бахшида шуд, илҳомбахш ва роҳнамои ҳидояткунанда барои ҳар як фарзанди худогоҳи Тоҷикистон аст.

17-12-2017

Санаи 16 декабри соли 2017 дар бинои Бонки марказӣ Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК “Соҳибкорбонк” доир шуд.  Дар маҷлиси мазкур 12 нафар саҳмдорон, ки дорандаи 79,53 фоизи саҳмияҳои овоздори паҳнкардашудаи Бонк мебошанд, иштирок намуда, аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдорро ба тасвиб расониданд.

Аз ҷумла аз тарафи Маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК “Соҳибкорбонк” дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии ҶСК «Соҳибкорбонк» аз 50,0 млн. сомонӣ то 65,0 млн.сомонӣ бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ ба маблағи 15,0 млн.сомонӣ қарор қабул карда шуд.

15-12-2017

Давоми рӯзҳои 13, 14 ва 15-уми декабри соли 2017 дар бинои Бонки марказии  ҶСК “Соҳибкорбонк” ҷаласаҳои Раёсат роҷеъ ба баррасии натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории ҶСК “Соҳибкорбонк” дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва таҳияи нақшаи молиявӣ барои соли 2018 таҳти роҳбарии Раиси Раёсат, Зардов Ш.Д. баргузор гардиданд. Дар ҷаласаҳои Раёсат роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк иштирок ва баромад намуда, аз кори Бонк дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карданд. Қайд карда шуд, ки дар ин давра даромади умумии Бонк маблағи 99,9 млн.сомонӣ ва хароҷотҳои умумии он 92,7 млн.сомониро ташкил додааст.

01-12-2017

Роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” тасмим гирифтааст, ки ба пешвози Соли нави мелодии 2018 ва дар ин ҳошия фароҳам намудани лаҳзаҳои фараҳбахш барои мардуми Тоҷикистон бозии солинавиро шуруъ аз санаи 1 декабри соли 2017 миёни фаъолони сомонаҳои интернетӣ ва завқмандон ташкил намояд. Барои ғолибони бозии мазкур тақдими туҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми 50, 100, 200, 500 ва 1000 сомонӣ  пешбинӣ шудааст.

17-11-2017

Санаи 17.11.2017с. дар доираи ҷаласаи кории роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк”  истифодаи усулҳои муосири таҳлили хавфҳо дар таҷрибаи Бонк мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Дар ин робита таваҷҷуҳи роҳбарият ба татбиқи усули санҷиши фишороварӣ дар Бонк ҷалб карда шуд.

Қурби асъори БМТ

 20-01-2018
USD8.8097 TJS
RUB0.1514 TJS
EUR10.5479 TJS

Қурби асъори СКБ

19-01-2018
1 USD 8.8000 8.8300
1 RUB 0.1550 0.1570
1 EUR 10.780 10.880