ТАЪРИХИ ҶСК «СОҲИБКОРБОНК»

Бонки Саҳҳомию Тиҷоратии Мададрасони Соҳибкории «Соҳибкорбонк» (минбаъд кутоҳтар БСТ МС «Соҳибкорбонк») 24.08.1999 сол тибқи Қарори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 15 аз санаи 19.08.1999 сол аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки серсоҳа ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 15 аз санаи 19.08.1999 сол Бонки Саҳомию Тиҷоратии «Тоҷикбонкбизнес» ба БСТ МС «Соҳибкорбонк» табдил дода шудааст. Ҳамзамон тибқи Оиннома таҳти № 28 аз 24.08.1999 сол БСТ МС «Соҳибкорбонк» ва Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 147 аз 15.09.2000 сол кори комиссияи барҳамдиҳии БСТ «Тоҷикбонкбизнес» қатъ карда шуда, БСТ МС «Соҳибкорбонк» соҳибмулки комилҳуқуқи БСТ «Тоҷикбонкбизнес» эълон карда шуда, ҳамаи дороиҳо ва ӯҳдадориҳои (актив – пассив) БСТ «Тоҷикбонкбизнес» ба Бонки навтаъсиси БСТ МС «Соҳибкорбонк» супорида мешавад.

Моҳи октябри соли 2012 Бонки Марказии ҶСК «Соҳибкорбонк» барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯъ ва эътибори бонк ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе воқеъ ба кӯчаи Н.Муҳаммад 10/17 кӯчонида шуд.
Алҳол Бонки номбурда бо нишондиҳандаҳои назаррас фаъолияти кории худро ба роҳ гузошта филиалҳои худро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Исфара, Конибодом , ноҳияҳои И.Сомонӣ, Рӯдакӣ ва Марказҳои Хизматрасонии Бонкии худро дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат, Рашт, Истаравшан, Қайроққум, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҳисор, Турсунзода, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров ва ғайра таъсис додааст.