Рӯзи истиқлолият муборак!

Ҳамватанони азиз! Соҳибкорбонк ҳамаи Шумоёнро бо ин ҷашни пуршукӯҳ - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд! 9-уми сентябр саъю талошхои халқи моро барои озодӣ ва истиқлолият тасвир мекунад. Ин санаи сарнавиштсоз оғозгари кӯшишҳо барои бунёди давлати нав, мустақил ва рушдёбанда гардид. Ва имрӯз, пас аз 26 сол, ҳар яки мо метавонем ифтихор кунем, зеро ин ба мо муяссар гашт. Албатта, мо барои дастоваровардҳои нав ба нав бештару хубтар талош хоҳем кард. Ва дар ин ҷашни воқеан бузург мо ба ҳамаи Шумо сулҳу субот ва пешравиҳои молиявиро таманно дорем!