Хизматгузориҳои ҳисобӣ-хазинавӣ

ҶСК "Соҳибкорбонк" бо истифода аз техналогияҳои муосир ва таҷрибаи бою сатҳи баланди касбияти кормандонаш ба муштариёни (шахси воқеӣ) худ доираи васеъи хизматгузориҳои ҳисобӣ-хазинавиро пешниҳод менамояд. Бонки мо омода аст ба Шумо хизматгузориҳои ҳисобӣ-хазинавиро бо пули миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ пешниҳод намояд. Барои кушодан ва пешбурди суратҳисобҳою амалиёти бонкӣ шахсони воқеӣ (резидентҳо) метавонанд ба Бонки Марказӣ ва ё филиалу марказҳои хизматрасонии наздиктарин муроҷиат намуда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Нусхаи шиноснома;
  2. Нусхаи Гувоҳнома (ИНН);
  3. Ариза барои кушодани суратҳисоб;
  4. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ;
  5. Шахсони воқеии ғайрирезидентиро лозим аст, ки иловатан ҳуҷҷатҳои ҳуқуқ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раводид бо нишондоди мӯҳлати амали онро пешниҳод намоянд.

    Соҳибкорони инфироди бояд чунин ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Нусхаи шаҳодатнома, нусхаи иқтибос;
  2. Нусхаи гувоҳнома (ИНН);
  3. Нусхаи шиноснома;
  4. Мактуби ахбороти;
  5. Ариза барои кушодани суратҳисоб;
  6. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ;
  7. Намунаи корти имзо;