Интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ

Ҳамчун яке аз самтҳои бартариятнок дар сафи хизматрасониҳои пешкашнамудаи ҶСК «Соҳибкорбонк» ин интиќолҳои пулӣ маҳсуб мегардад, ки ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он амалӣ мешавад.  Айни ҳол Бонки мо пардохт ва интиқолҳоро, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, пешниҳод менамояд. ҶСК «Соҳибкорбонк» бо теъдоди зиёди бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд ва хизматрасониҳо доир ба интиқолҳои пулиро бо тариқи системаҳои зерин  пешниҳод менамояд:

CONTACT

ЮНИСТРИМ

ИНТЕРЭКСПРЕСС

ЗОЛОТАЯ КОРОНА

MONEYGRAM

BLIZKO

WESTERN UNION

RIA

Мувофиқи хоҳиши мизоҷон, алҳол хизматрансонии «Интиқолҳои пулӣ»-и Бонк ҳамарӯза дастрас мебошад. Шўъбаҳои интиқоли пулии Бонк ҳамарӯза, бе истироҳат, фаъолият менамоянд.

Ҳангоми муроҷиат ба Бонки мо, Шумо метавонед дилпур бошед, ки Бонки мо барои Шумо тарзи боэътимод ва муфид барои равонкунӣ ва қабули маблағҳои пулиро интихоб менамояд.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ СИСТЕМАҲО:

Системаи интиқоли пулии «Золотая Корона»- ин интиқоли пулии фаврӣ бидуни кушодани суратҳисоб дар ҳудуди Русия, ИДМ ва давлатҳои дури хориҷӣ мебошад. Комиссия барои баамалбарории интиқол дар ҳудуди Русия ва ИДМ – аз 1% то 1,5%. Интиқоли пулиро пас аз чанд сония баъд аз фиристодани он дастрас намудан мумкин аст. Маълумоти муфассалтарро дар барои хизматрасониҳои системаи «Золотая Корона» метавонед дар сомонаи http://www.perevod-korona.com/Pages/default.aspx дастрас намоед. 

____________________________________________________________

Системаи «Интерэкспресс» имконият медиҳад, ки интиқоли пулӣ аз чандин давлатҳо фиристода ва қабул карда шавад. Комиссия барои баамалбарории интиқол дар ҳаҷми  2.8% аз маблағи фиристодашуда, аз ирсолкунанда нигоҳ дошта мешавад. Дар интиқолҳо то 50 Доллар ИМА комиссия 2.40 Доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ҳангоми интиқоли маблағҳои пулии зиёда аз 51 то 100 Доллари ИМА комиссия 3.00 Долларри ИМА-ро ташкил медиҳад. Мӯҳлати интиқол – 10 дақиқа. Интиқолҳо танҳо дар Доллари ИМА ва Рубли Русия баамалбароварда мешавад. Маълумоти муфассалтарро дар бораи хизматрасониҳои системаи «Интерэкспресс» метавонед дар сомонаи www.interexpress.ru. дастрас намоед. 

Системаи интиқоли пулии «BLIZKO» имконияти зуд, қуллай, боэътимод ва ба таври  осонӣ интиқол додани маблағи пулиро, бо тарофаҳои паст новобаста аз самт ва нуқтаи хизматрасонии мизоҷон, фароҳам меорад. Ҳангоми интиқоли маблағ комиссияи зерин ситонида мешавад (доллари ИМА ва Евро): 

Маблағи интиқол бо доллари ИМА ва ЕВРО

Комиссия бо доллари ИМА ва ЕВРО

То 100,00

2,00

100,01 – 200,00

4,00

200,01 – 300,00

6,00

300,01 – 400,00

8,00

400,01 – 500,00

10,00

500,01 – 600,00

12,00

600,1 – 700,00

14,00

700,01 – 800,00

16,00