Интиқоли маблағ бо пули сомонӣ

ҶСК «Соҳибкорбонк» ба шахсони воқеӣ хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулиро бо асъори миллӣ - сомонӣ мерасонад. Интиқоли маблағҳои пулӣ байни филиалҳо ва МХБ, воқеъ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Равон намудани маблағҳои пулӣ

Шумо барои интиқоли маблағҳои пулӣ бо асъори миллӣ, метавонед ба филиал ё МХБ-и наздик муроҷиат намоед. Бо худ доштани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳатмист. Ба ғайр аз ин, донистани силсила ва рақами шиносномаи шахсе, ки ба он маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд, зарур мебошад. Комиссияи Бонк 0,2% илова аз маблағи интиқолро ташкил медиҳад. Пас аз ворид гардидани маблағи интиқол ва комиссия аз тарафи фиристонанда ба кассаи бонк, қабулкунанда ҳамон замон метавонад интиқоли пулиро гирад.

Пардохти интиқоли маблағҳои пулӣ

Ба Шумо барои гирифтани интиқоли маблағҳои пулӣ муроҷиат намудан ба филиал ё МХБ аз руйи суроға зарур мебошад, ки ба он маблағҳои пулӣ фиристода шудаанд. Бо худ доштани Шиноснома ва нишон додани маблағи интиқол барои гирифтани маблағ ҳатмист. Ҳангоми гирифтани интиқоли пулӣ аз маблағи интиқолдодашуда комиссияи Бонк дар ҳаҷми 0,3% ситонида мешавад.