Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ

ҶСК “Соҳибкорбонк” мувофиқи дархости мизоҷони вокеъи пардохтҳои байналхалқиро бо асъори хориҷӣ бе кушодани суратхисоб иҷро менамояд. ҶСК “Соҳибкорбонк” дар миқёси Ҷумҳурӣ ягона бонке мебошад, ки дорои шабакаи мустақили “S.W.I.F.T.”-Системаи Байнибонкии Қабули Маълумотҳо буда пайвастшавии он мустақиман бо худи Аврупо таъмин аст.

Ин афзалият ба бонки мо имконият медиҳад, ки барои мизоҷон як қатор имтиёзҳоро пешниҳод намоем, аз ҷумла:

  • Интиқоли маблағҳои пулӣ дар давоми 1 рӯз;
  • Ҳаққи хизмати пасттарин барои интиқоли маблағҳо;

Инчунин ҶСК “Соҳибкорбонк” дорои тими ҷавон ва болаёқат буда, тамоми имкониятҳоро баҳри хизматрасонии беҳтарин ба мизоҷон фароҳам овардааст.

Мо коркарди фаврӣ ва саривақтии дархостҳоро ба роҳ монда, мизоҷонамонро саривақт аз тағйиротҳо огоҳ месозем ва тасдиқномаро оиди пардохти маблағҳо фавран пешниҳод намуда, муносибати фаръиро ба ҳар як мизоҷ ба роҳ мондаем.

Ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо бо истифода аз шабакаи “S.W.I.F.T.” дар ҶСК “Соҳибкорбонк” чунинанд:

аз 2000$

10$

аз  2 001$  то 3.000$

15$

аз 3.001$  то 20 000$

20$

аз 20 001$ то 30.000$

30$

аз 30 001$ то 100 000$

40$

аз 100 001$ то 200 000$

50$

аз 200 001$ то 300 000$

80$

зиёда аз 300 001$  

100$

Барои интиқоли маблағҳо бо дигар асъори хориҷӣ, ҳаққи хизмат мутаносибан бо Доллари ИМА аз рӯи ҷадвали дар боло овардашуда ва мувофиқи қурби БМТ амалӣ карда мешавад. Бо хоҳиши мизоҷ ҳаққи хизмат  бо ҳар гуна асъор вале мутаносибан бо Доллари ИМА пардохта мешавад.

 

Барои интиқоли маблағҳо барои шахсони воқеӣ онҳо бояд бо худ шиноснома дошта бошанд.